Бозии «Ҳосилот» ва «Дордой»-ро доварони Баҳрайн ҳакамӣ мекунанд

Февраль 15, 2017 10:53

ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бозии баргашти плей-оффи Ҷоми КФО байни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Дордой»-и Қирғизистонро доварон аз Баҳрайн ҳакамӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ 28 феврал дар Вазишгоҳи марказии пойтахт, соати 16:00 гузаронида хоҳад шуд.
КФО масъулияти довариро ба дӯши гурӯҳи доварон бо роҳбарии Муҳаммад Ҷамил Ҷумъа аз Баҳрайн гузоштааст. Ба ӯ Сайёд Ҷалол Маҳфуз Алавӣ Муҳаммад ва Солеҳ Абдулло Муҳсин ал-Роваймӣ кумак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Исо Абдулло Ҳасан Муҳаммад Алӣ мебошад.
Ёдрас мешавем, ки бозии рафти ин дастаҳо 21 феврал дар Қирғизистон (соати 13 бо вақти Душанбе) мегузарад ва ғолиби ду вохӯрӣ ба бозиҳои гурӯҳи «Д» ҳамроҳ мешавад.

Февраль 15, 2017 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид