«Дӯстдорони табиат» барои кумаки ғизоӣ ба паррандагону ҳайвоноти ваҳшӣ ба «Наҷот» мепайванданд

Февраль 4, 2017 11:31

ХОРУҒ, 04.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ ва ихтиёриён ба кӯҳу пуштаҳо баромада, дар мавзеъҳое, ки одатан паррандагон ҷамъ мешаванд, дони гандум ва алаф партофтанд. Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев гуфт, ки ҳамасола паррандагону ҳайвоноти ваҳшӣ гулу буттаҳои хушкшударо истеъмол мекарданд ва чандон ниёз ба ғизои иловагӣ надоштанд.
«Аммо имсол ғафсии барф дар кӯҳдоманҳо аз як метр боло рафт ва тамоми гулу буттаҳоро пӯшонид. Аз ин рӯ паррандагону ҳайвонот дар ҷустӯҷуи хӯрок аз қуллаҳои кӯҳу даман ба марзҳои маҳаллаҳои аҳолинишин фуромаданд. Имрӯз ҳатто сокинони баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ бо садои кабкони дарӣ аз хоб бедор мешаванд. Аз ин рӯ раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ ба сокинони шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кард, ки мувофиқи имконият ба паррандагону ҳайвоноти ваҳшӣ дасти кумак дароз кунанд»,-иброз дошт Мулкамон Назаралиев.
Амалиёти «Наҷот» то даҳаи дуюми моҳи март идома меёбад ва баъди муътадил шудани вазъи ҳаво омӯзгорону шогирдони мактабҳо, ки бештарашон шомили маҳфили «Дӯстдорони табиат» мебошанд, ба ин амалиёт пайваст хоҳанд шуд.

Февраль 4, 2017 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд