Дар амалиёти «Тартибот» дар Бадахшон 80 ронандаи бе ҳуҷҷат ва 121 мошини бе муоинаи ҳатмии техникӣ боздошт шуданд
ХОРУҒ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ аз 18 январи соли равон дар тамоми қаламрави ВМКБ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳар гуна садамаҳои автомобилӣ, боздошти воситаҳои нақлиёти бе рақами давлатӣ, бидуни иҷозатнома ба рӯи шиша часпондаи параҳои сиёҳ ва хира, дар ҳолати сархушӣ рондани мошин ва иҷрои қоидаи ҳаракат дар роҳ аз сӯи ронандагону пиёдаргардҳо амалиёти «Тартибот»- ро роҳандозӣ кард.
Бозраси Раёсати мазкур Хосият Гулзорхонова гуфт, ки дар давоми ним моҳ 80 нафар ронанда боздошт шуданд, ки бе ҳуҷҷати ронандагӣ дар сари чамбари мошин нишаста буданд. Ҳамчунин 121 адад воситаи нақлиёт, ки аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ нагузаштаанд, ба ҷаримагоҳ оварда шуданд. Ин мошинҳо танҳо пас аз санҷиши техникӣ ба соҳибонашон баргардонида мешаванд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои тарбиявю фаҳмондадиҳӣ ҳодисаҳои идора намудани мошин дар ҳолати мастӣ хеле коҳиш ётаанд. Дар давоми бештар аз як моҳ ҳамагӣ се нафар бо ин сабабҳо боздошт шуданд.
Ба гуфтаи бозраси калони Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят, дар давоми як моҳи соли равон дар роҳҳои мошингард 5 садмаи нақлиётӣ рух доданд, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






