ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2016

Февраль 1, 2017 14:59

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Маҷмўи маҳсулоти дохилии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 аз рўи маълумоти фаврӣ 54471,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ — декабри соли 2015 бо нархҳои муқоисавӣ 106,9 фоизро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба андозаи 95,7 фоизи нақшаи аниқшудаи ин давра иҷро шуд.

Воридоти андозҳо 64,3 фоизи ҳаҷми умумии даромадро ташкил додааст.

Дар соли 2016 хароҷоти буҷети давлатӣ ба андозаи 94,0 фоизи нақшаи аниқшуда иҷро шуд.

Ба тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ 26,5 фоиз, барои соҳаҳои иқтисодиёт (бо назардошти ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ) 37,0 фоиз, ба суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 14,9 фоизро ташкил дод.

 САНОАТ

Дар соли 2016 дар ҷумхурӣ ба маблағи 15070,6 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 116,0 фоизро ташкил кард.

Дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсолот 2986,1 млн. сомонӣ, саноати коркард 9366,9 млн. сомонӣ, истеҳсолу тақсимоти қувваи барқ, газ ва об 2717,6 млн. сомониро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботи соли 2016 афзудаанд: истихроҷи ангиштсанг, истихроҷи нафт, намаки ошӣ, маводи ғайримаъдании бинокорӣ, истеҳсоли гўшт, колбаса, панири равғанин, истеҳсоли маҳсулоти шири холис, маснуоти қаннодӣ, истеҳсоли  консерваҳо, равғани растанӣ, калобаи пахтагин, қолин ва маснуоти қолинӣ, маснуоти ҷуробу пайпоқ, пойафзол, бензин, сузишвории дизелӣ, мазут, семент, оҳаки бинокорӣ, трасформаторҳо, маснуоти кабелӣ, асфалт, истеҳсоли нерўи барқ ва ғайраҳо.

Дар айни замон, ангишти бўр, гази табиӣ, маҳсулоти макаронӣ, спирти этили хом, нахи пахта, газворҳо, пойафзоли резинӣ, собуни хоҷагӣ ва мушк, мех, арматураи сохтмонӣ, плитаҳои тарабхона, лампаҳои каммасраф ва ғайраҳо кам шудаанд.

КИШОВАРЗӢ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 22234,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат соли 2015-ум бо нархҳои муқоисавӣ 5,2 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 15066,6 млн. сомонӣ ё 5,1 фоиз ва чорвопарварӣ 7167,4 млн. сомонӣ ё 5,5 фоиз зиёд шудааст.

Дар соли 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1435801 тонна ғалладона, 284705 тонна пахта, 898095 тонна картошка, 1748276 тонна сабзавот, 594171 тонна полизӣ, 364799 тонна мева ва 214776 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум ғалладона 3,1 фоиз, пахта 5,4 фоиз, картошка 1,2 фоиз, сабзавот 4,8 фоиз, полизӣ 0,3 фоиз, меваҷот 22,1 фоиз ва ангур 5,4 фоиз зиёд шудааст.

То 1 январи соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар 14694 гектар кишти барвақтии зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст. Аз замини умумии кишт 1543 гектарро картошка, 10463 гектар сабзавот, 58 гектар сабзавоти тухмӣ ва 2630 гектарро зироатҳои хўроки чорво ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта картошка 18,5 фоиз, сабзавот 4,8 фоиз, зироатҳои хўроки чорво 10,1 фоиз ва сабзавоти тухмӣ 39,6 фоиз кам кишт карда шудааст.

То 1 январи соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 53112 тонна ғалладонаи тухмӣ (аз ҷумла гандум 45398 тонна), ҷуворимакка 722 тонна ва картошка 34392 тонна захира намудаанд.

То 1 январи соли 2017 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 4261 гектар, боғҳои нав бунёд карда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз кам мебошад. Аз масоҳати умумии боғҳо 1755 гектар мевагиҳои тухмдор, 2217 гектар мевагиҳои донакдор, 233 гектар мағздор, 54 гектар субтропикӣ ва 2 гектар ситрусӣ шинонда шудааст. Аз миқдори умумии боғҳои нав 1314 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудаанд.

Дар соли 2016-ум 465 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2015-ум 40,5 фоиз зиёд аст. Ғайр аз ин, 825 гектар боғ ва 90 гектар токзорҳо барқарор карда шудаанд.

То 1 январи соли 2017 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2268,8 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80,8 ҳазор сар ё 3,7 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гўсфанду буз 5415,3 ҳазор сарро ташкил дода, 213,8 ҳазор сар ё 4,1 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,9 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 82,0 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Дар соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли гўшт (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 233329 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 7,2 фоиз, истеҳсоли шир 917990 тонна (3,3 фоиз), асал 3995,6 тонна (3,7 фоиз), пилла 868,6 тонна (4,0 фоиз) ва истеҳсоли пашм 7304 тонна ё 3,8 фоиз зиёд мебошад.

Истеҳсоли тухм дар соли 2016 -ум 337,2 млн. донаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015-ум 5,6 фоиз кам аст.

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар соли 2016-ум 37,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015-ум 0,6 фоиз зиёд аст.

Соли 2016 дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 2037,5 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 0,7 фоиз зиёд мебошад.

 СОХТМОН

Дар соли 2016 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 11074,5 млн. сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум бо нархҳои муқоисавӣ 120,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ ба маб-лағи 7379,3 млн. сомонӣ ё 66,6 фоиз, дар иншооти ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 3695,2 млн. сомонӣ аз худ карда шудааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 33,4 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориро ташкил медиҳад.

Дар сохтмони иншооти энергетикӣ 3855,0 млн. сомонӣ сармоягузориҳои сармояи асосӣ аз худ карда шуда, нисбат ба моҳҳои январ — декабри соли 2015 — ум 139,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми сармояҳои аз худ кардашуда дар соҳаи нақлиёт ва алоқа 1487,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ — декабри соли 2015-ум 1,5 баробар зиёд аст, аз он ҷумла маблағҳои давлатӣ ва корхонаю ташкилотҳо 418,8 млн. сомонӣ ё 28,2 фоиз, ҳаҷми умумӣ; сармоягузориҳои хориҷӣ 1068,5 млн. сомонӣ ё 71,8 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳо мебошад.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 1841,0 млн. сомонӣ ё 37,1 фоиз, аҳолӣ – 485,2 млн. сомонӣ (9,8 фоиз), корхонаҳои шахсӣ – 423,8 млн. сомонӣ (8,5 фоиз), корхонаҳои кишоварзӣ – 29,5 млн. сомонӣ (0,6 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд – 824,4 млн. сомонӣ (16,6 фоиз), корхонаҳои муштарак – 156,1 млн. сомонӣ ё (3,1 фоиз), ҷамъиятҳои саҳҳомӣ — 146,4 млн. сомонӣ (2,9 фоиз), иттифоқи Тоҷикматлубот – 3,7 млн. сомонӣ (0,1 фоиз) ва хориҷӣ – 1058,7 млн. сомонӣ ё 21,3 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Дар соли 2016 ба масоҳати умумии 1220,3 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,4 фоизро ташкил медиҳад. 40 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 12018 ҷои талаба, 4 адад беморхона барои 745 кат, 21 адад дармонгоҳ барои 1321 ҷои қабул дар як баст ва 8 адад муассисаи томактабӣ барои 1089 ҷой ба истифода дода шудаанд.

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 4968,8 млн. сомонӣ ба кор андохта шудаанд.

Ташкилотҳои пудратии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 бо қувваи худ ба маблағи 5450,1 млн. сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ — декабри соли 2015-ум 685,4 млн. сомонӣ зиёд аст.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ аз ҳисоби маблғгузориҳои сарчашмаҳои зерин иҷро карда шудаанд: давлатӣ 235,1 млн. сомонӣ ё 4,3 фоиз, саҳомӣ 1220,5 млн. сомонӣ (22,4 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 2609,9 млн. сомонӣ (47,9 фоиз), соҳибкорони шахсӣ 53,5 млн. сомонӣ (1,0 фоиз), хориҷӣ – 1331,1 млн. сомонӣ ё (24,4) фоизи ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.

 НАҚЛИЁТ

Дар соли 2016 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 70652,3 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 99,5 фоизро ташкил медиҳад. Таносуби боркашонии нақлиёти автомобилӣ дар ҳаҷми умумии боркашонӣ 92,3 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 бо нақлиёти роҳи оҳан 5452,2 ҳазор тонна ё 89,0 фоиз ва бо нақлиёти ҳавоӣ 1,9 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 69,2 фоизро ташкил дод.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ — декабри соли 2016-ум ба 5921,7  млн.т.км ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз кам шудааст.

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 бо ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбар 575,8 млн. мусофир кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 фоиз афзудааст.

Бо нақлиёти автомобилӣ (бе назардошти нақлиёти таксомоторӣ) дар давраи ҳисоботӣ 557,0 млн. нафар (101,0 фоиз нисбат ба соли 2015) бо нақлиёти барқӣ 10910,5 ҳаз.нафар (106,5 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), бо нақлиёти роҳи оҳан 450,8 ҳазор нафар (106,1 фоиз) ва бо нақлиёти ҳавоӣ 834,9 ҳазор нафар (нисбат ба соли 2015-ум 105,6 фоиз) мусофир кашонда шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 0,2 фоиз афзуда, 9254,7 млн. мусофир.км-ро ташкил кардааст.

 САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ БА АҲОЛӢ

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 ҳаҷми гардиши савдои чакана, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ 16565,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 6,4 фоиз ё ба маблағи 1888,5 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Таносуби молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумии гардиши молҳо 49,0 фоиз ё 7917,6 млн. сомонӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ 51,0 фоиз ё 8240,8 млн. сомониро ташкил додааст, яъне озуқаворӣ ба маблағи 323,2  млн. сомонӣ кам фурўхта шудааст.

Дар ҳаҷми умумии фурўши молҳои озуқаворӣ таносуби бештар аз рўи арзиш ба гўшт ва маснуоти гўштӣ (17,3 фоиз), орду нон (11,2 фоиз), сабзавот ва картошка (6,7 фоиз), қанду шакар ва маснуоти қаннодӣ (5,7 фоиз), равғани растанӣ (3,7 фоиз) афзалият доранд. Аз молҳои ғайриозуқаворӣ таносуби бештар ба маводҳои бинокорӣ (25,5 фоиз), автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо (13,0 фоиз), газворҳо (11,4 фоиз), пойафзол, маҳсулоти кешбофӣ, либос ва либоси таг (9,2 фоиз), маҳсулоти нафтӣ (7,3 фоиз), асбобҳои барқӣ (3,9 фоиз), доруворӣ (2,7 фоиз) ва ғайраҳо рост меояд.

Дар ҳамин давра гардиши моли чакана ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 1912,3 сомон рост меояд.

Дар соли 2016 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ки ба аҳолии ҷумҳурӣ ҳамаи соҳаҳои хизматгузор расонидаанд, 10009,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 99,7 фоизро ташкил дод.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда ба маблағи 5292,3 млн. сомонӣ хизмат расонидаанд, ки 52,9 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил медиҳад.

 ХУСУСИГАРДОНИИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ ВА МАНЗИЛ

Бо нишондодҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016-ум дар ҷумҳурӣ 180 объекти ғайриманқул ва аз аввали хусусигардонӣ (соли 1991) то айни замон 12957 объект хусусӣ гардонида шудааст.

Дар сохтори соҳавии хусусигардонии амволи давлатӣ, ҳиссаи соҳаи савдо ва хўроки умумӣ — 2,3 фоиз ва аз аввали хусусигардонӣ — 20,9 фоиз; мутобиқан ҳиссаи соҳаи саноат 4,4 фоиз ва 4,5 фоиз; кишоварзӣ 73,3 фоиз ва 24,9 фоиз; сохтмон 1,1 фоиз ва 5,6 фоиз; нақлиёт ва алоқа 5,6 фоиз ва 4,0 фоиз; хизмати маишӣ 3,3 фоиз ва 19,1 фоиз; дигар соҳаҳои иқтисодиёт 10,0 фоиз ва 21,0 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи минтақаҳо дар хусусигардонии объектҳои хусусигардонидашуда чунин аст: шаҳри Душанбе — 4,4 фоиз (аз аввали хусусигардонӣ 16,5 фоиз), вилояти Суғд — 48,3 фоиз (29,5 фоиз), вилояти Хатлон — 32,9 фоиз (31,6 фоиз) Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон — 3,3 (2,5 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 11,1 фоиз (19,9 фоиз).

Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ (аз аввали хусусигардонӣ) 279,9 ҳазор квартира хусусӣ карда шудааст, аз он ҷумла 201,2 ҳазор квартира (71,9 фоиз) фурўхта, 4,1 ҳазор квартира (1,5 фоиз) ба аҳолӣ бо пардохти қисми пулаш ва 74,6 ҳазор квартира (26,6 фоиз) ба аҳолӣ бепул дода шудааст.

Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ шумораи квартираҳои хусусӣ кардашуда, 2418 адад, аз он ҷумла дар ВМКБ — 20 квартира, вилояти Суғд — 712 квартира, вилояти Хатлон — 177 квартира, дар шаҳри Душанбе — 1357 квартира ва дар НТҶ — 152 квартира мебошад.

НАРХ ВА ТАЪРИФА

Дар соли 2016 индекси нархҳои истеъмолӣ 106,1 фоиз аз он ҷумла ба молҳои озуқа — 106,8 фоиз, ба молҳои ғайриозуқа — 105,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ — 104,5 фоизро ташкил кард.

Нархҳои истеъмолии молҳои озуқаворӣ дар соли 2016-ум 6,8 фоиз қимат шудаанд, аз он ҷумла: нахўд 55,4 фоиз, себ — 38,1 фоиз, картошка — 35,7 фоиз, чойи кабуд — 27,7 фоиз, ярмаи марҷумак — 26,8 фоиз, шакар — 14,9 фоиз, равғани пахта — 12,7 фоиз, тухм — 12,1 фоиз, равғани маска — 11,9 фоиз, арақ — 10,2 фоиз ва гўшти гов — 3,2 фоиз. Дар айни ҳол, нархи молҳои зерин арзон шудааст: биринҷ 9,1 фоиз, карам — 4,4 фоиз, орди навъи 1-ум — 3,1 фоиз ва сабзӣ — 1,8 фоиз.

Дар соли 2016 нархи молҳои ғайриозуқа 5,7 фоиз қимат шудаанд, аз он ҷумла: матои пахтагин 22,6 фоиз, куртаи мардона — 20,0 фоиз, маҳсулоти доруворӣ — 14,0 фоиз, ҷемпери бачагона — 13,5 фоиз,  тахтаи бурида — 8,9 фоиз, камзули мавсимии бачагона — 7,9 фоиз, шифери асбестусементӣ — 5,9 фоиз, хамираи дандоншўӣ — 5,3 фоиз, шампун — 3,6 фоиз, бензин — 1,7 фоиз ва маводҳои шустушўй — 1,2 фоиз. Зимнан, пастравии нархи семент 12,5 фоиз ва хишти сохтмонӣ — 8,8 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Дар соли 2016 нарху таърифаҳои хизмати пулакие, ки ба аҳолӣ расонда мешавад, умуман 4,5 фоиз қимат шудаанд, аз онҳо: хизмати сартарошхонаҳо  6,7 фоиз, таъмири пойафзол — 6,5 фоиз, арзиши пардохти нақлиёти роҳи оҳан — 6,3 фоиз, хизмати хушкашўйи — 4,7 фоиз ва гази моеъ — 4,1  фоиз  ба қайд гирифта шудааст. Дар айни ҳол, пастравии нархи арзиши пардохти нақлиёти ҳавопаймо  11,4 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Дар соли 2016 индекси нархҳои истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти саноатӣ 114,7 фоиз, аз он ҷумла маҳсулоти истихроҷи канданиҳои фоиданок 163,9 фоиз, истеҳсолоти коркард 102,7 фоиз, истеҳсолу тақсими нерўи барқ, газ ва об 116,5 фоизро ташкил кардааст.

 БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА ҲАҚҚИ МЕҲНАТ

Шумораи дар рўйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи ноябри соли 2016 нисбат ба моҳи ноябри соли 2015-ум 0,9 фоиз кам шуда, 1091,1 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Шумораи бекорони дар Агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмӣ ба қайд гирифташуда дар охири моҳи ноябри соли 2016-ум 55,3 ҳазор нафарро ташкил карда, нисбат ба охири моҳи октябри соли 2016-ум 0,9 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумлаи бекорони ба қайд гирифташуда занон 51,6 фоиз (28,5 ҳазор нафар)-ро ташкил медиҳад. Сатҳи бекории расмӣ ба қайд гирифташуда нисбат ба шумораи қувваҳои корӣ 2,4 фоизро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохта шуд, дар моҳи ноябри соли 2016-ум ба андозаи 1057,18 сомонӣ буд ва нисбат ба моҳи октябри соли 2016 –ум 4,2 фоиз ва нисбат ба моҳи ноябри соли 2015-ум 14,8 фоиз зиёд шудааст.

Дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат (бо назардошти тағйироти индекси нархҳо) дар моҳи ноябри соли 2016 нисбат ба моҳи октябри соли 2016- ум 3,6 фоиз ва нисбат ба моҳи ноябри соли 2015-ум 8,1 фоиз зиёд шудааст.

 ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ – декабри соли 2016 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3929,6 млн. доллари ИМА — ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ — декабри соли 2015-ум 9,2 фоиз ё 396,6 млн. доллар кам мебошад. Тарози савдо манфӣ буда, дар моҳҳои январ – декабри соли 2016-ум –2132,2 млн. долларро ташкил кард.

Дар моҳҳои январ – декабри соли 2016 содироти мол 898,7  млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2015-ум 0,9 фоиз ё 8,1 млн. доллар зиёд аст.

Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 3030,9 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2015-ум 11,8 фоиз ё 404,7 млн. доллар кам мебошад.

Оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Туркия – 22,3 фоизи ҳаҷми умумии содирот, Қазоқистон — 21,7 фоиз, Швейтсария – 11,0 фоиз, Афғонистон – 8,3 фоиз, Русия – 5,6 фоиз, Чин – 4,9 фоиз, Тайван — 5,0 фоиз, Эрон – 4,3 фоиз, Ўзбекистон – 4,0 фоиз, Покистон – 3,4 фоиз, АМА — 2,8 фоиз, Нидерланд – 1,6 фоиз, Италия — 1,4 фоиз, Қирғизистон – 1,0 фоиз, Латвия — 0,6 фоиз ва ғайраҳо.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Русия – 32,5 фоизи ҳаҷми умумии воридот, аз Чин – 27,7 фоиз, Қазоқистон – 15,9 фоиз, Туркия – 3,8 фоиз, Туркманистон – 3,0 фоиз, Эрон – 2,5 фоиз, Олмон – 1,9 фоиз, Ўзбекистон — 1,1 фоиз, Украина – 0,9 фоиз, Покистон, Ҳиндустон ва ИМА — 0,8 фоизӣ, АМА – 0,7 фоиз, Беларус ва Қирғизистон  – 0,6 фоизӣ, Озорбойҷон, Италия, Фаронса, Ҷопон ва Ҷумҳурии Корея — 0,4 фоизӣ  ва ғайраҳо.

Дар амалиёти савдо афзоиши бештари содирот нисбат ба воридот бо Швейтсария (90,5 млн. доллар), Туркия (86,5 млн. доллар), Афғонистон (74,1 млн. доллар), Тайван (44,7 млн. доллар), Нидерланд (10,3 млн. доллар), Латвия (3,9 млн. доллар), Покистон (5,1 млн. доллар), Ироқ (3,8 млн. доллар), АМА (3,4 млн. доллар), Ўзбекистон (2,0 млн. доллар) ва Ҷазираҳои Виргин (1,8 млн. доллар) мушоҳида мешавад.

 ЁРИИ БАШАРДЎСТОНА

Дар моҳҳои январ – декабри соли 2016 ба ҷумҳурӣ 55 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 55804,7 ҳазор доллар ё 17648,7 тонна ёрии башардўстона расониданд.

Аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар аз рўи арзиши ёрии башардўстона ба Русия — 25,9 фоиз, Чин — 24,0 фоиз, Сербия — 8,2 фоиз, Ҳиндустон — 7,7 фоиз, Швейтсария — 4,3 фоиз, Туркия — 3,8 фоиз, Белгия — 3,1 фоиз, ИМА — 2,7 фоиз, Покистон — 2,5 фоиз,  Қазоқистон ва Олмон – 2,3 фоизӣ, Ҷумҳурии Корея – 2,2 фоиз,  Дания — 2,1 фоиз, Нидерланд — 0,9 фоиз, Фаронса — 0,8 фоиз, Озарбойҷон — 0,7 фоиз, Тайланд — 0,6 фоиз, Қирғизистон, Эрон ва Австрия — 0,5 фоизӣ ва ғайраҳо рост меояд.

МАОРИФ

Аз рўи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли таҳсили 2016/2017 дар ҷумҳурӣ 3865 муассисаи рўзонаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд, ки нисбат ба соли гузашта 19 адад зиёд аст.

Шумораи хонандагон дар муассисаҳои рўзонаи таҳсилоти умумӣ 1837,8 ҳазор нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли таҳсили 2015/2016-ум 53,4 ҳазор нафар зиёд аст. Аз шумораи умумии хонандагон 878,0 ҳазор нафар ё 47,8 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии муассисаҳои рўзонаи таҳсилоти умумӣ дар соли таҳсили 2016/2017 дар ҷумҳурӣ 69 литсей фаъолият намуда, 29,5 ҳазор нафар хонандагонро дар бар мегирад, аз онҳо 9,1 ҳазор нафар духтарон мебошанд. Миқдори гимназияҳо ба 79  адад расидааст, шумораи хонандагонашон 50,2 ҳазор нафар буда, аз онҳо 18,3 ҳазор нафар духтарон мебошанд.

Дар бораи хатм кардани мактабҳои асосӣ 161,4 ҳазор нафар, аз онҳо 76,4 ҳазор нафар духтарон ва дар бораи хатм кардани мактаби миёнаи умумӣ 111,6 ҳазор нафар хонандагон, аз онҳо 50,0 ҳазор нафар духтарон шаҳодатнома гирифтаанд.

Дар муассисаҳои рўзонаи таълимии умумӣ таҳсил асосан бо шаш забон амалӣ мегардад, аз он ҷумла: аз шумораи умумии хонандагон 87,3 фоиз бо забони тоҷикӣ, 8,2 фоиз бо забони ўзбекӣ, 3,8 фоиз бо забони русӣ, 0,5 фоиз бо забони қирғизӣ, 0,1 фоизӣ бо забони туркманӣ ва англисӣ таҳсил мекунанд.

Аз рўи маълумотҳои ҳисоботи омори расмӣ дар тайёр намудани мутахассисони зинаи миёнаи касбӣ дар ҷумҳурӣ 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва як филиал фаъолият дорад, ки дар онҳо 76,7 ҳазор нафар донишҷўён таҳсил мекунанд.

Шумораи донишҷўён дар шўъбаҳои рўзона 60,2 ҳазор нафар ё 78,5 фоиз мебошанд. Аз шумораи умумии донишҷўён 45,0 ҳазор нафар ё 58,7 фоизашонро занон ташкил медиҳанд. Таносуби хеле зиёди занон дар коллеҷҳои тиббӣ ва коллеҷҳои омўзгорӣ буда, мутобиқан 61,9 ва 29,0 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар оғози соли таҳсили 2016/2017 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 24,1 ҳазор нафар донишҷў қабул карда шудааст, ки аз онҳо 13,6 ҳазор нафар духтарон мебошад.

Тарзи таълими пулакии донишҷўён торафт васеъ мегардад. Дар соли таҳсили ҷорӣ дар шароити пардохти пурраи хароҷоти таълим 40,4 ҳазор нафар ё 52,7 фоизи шумораи умумии донишҷўён таҳсил мекунанд. Дар асоси қарордод бо пурра пардохтани хароҷот ҳамагӣ 14,1 ҳазор нафар қабул карда шудаанд.

Дар соли 2016 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро 14,0 ҳазор нафар мутахассисон хатм намуданд, ки нисбат ба соли 2015- ум 19,7 фоиз зиёд аст. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 9,9 ҳазор нафар ё 70,7 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Хатми мутахассисон, ки аз рўи қарордод таҳсил кардаанд, ба 5,7 ҳазор нафар расида, 40,7 фоизи шумораи умумии хатмкардагонро ташкил медиҳанд.

Дар оғози соли таҳсили 2016/2017 дар ҷумҳурӣ 35 адад муассисаҳои мустақил (донишгоҳҳо, донишкадаҳо, академияҳо) ва 4 адад филиалҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият намуданд.

Шумораи донишҷўён 186,9 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба соли таҳсили 2015/2016-ум 5,9 фоиз зиёд аст.

Қабули донишҷўён дар соли нави таҳсил 42,7 ҳазор нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 10,9 фоиз зиёд мебошад. Шумораи духтарон 13,6 ҳазор нафар буда, 31,9 фоизи шумораи умумии донишҷўёни қабул шударо ташкил медиҳад.

Хатми мутахассисон дар соли 2016-ум 33,2 ҳазор нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли 2015-ум 12,5 фоиз зиёд аст.

Дар шароити пардохти пурраи хароҷоти таълим 120,8 ҳазор нафар донишҷўён таҳсил намуда, 64,6 фоизи шумораи умумии донишҷўёнро ташкил медиҳад.

 ТАНДУРУСТӢ

Дар моҳҳои январ — ноябри соли 2016 аз рўи маълумотҳои омори ҷорӣ 60693 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — ноябри соли 2015-ум 14,9 фоиз кам аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 16,7 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 64,6 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ — ноябри соли 2016-ум 40514 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — ноябри соли 2015-ум 10,5 фоиз зиёд аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА ЁРДАМПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда дар моҳҳои январ — декабри соли 2016-ум 1932,4 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва ёрдампулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 бо назардошти бақияи аввали сол (48,0 млн. сомонӣ) 1949,1 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахўрон то 01.01.с.2017-ум 642522 нафарро ташкил медиҳад.

 ВАЗЪИ ДЕМОГРАФӢ

Таваллуд, фавт, афзоиши табиӣ

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 230,3 ҳазоркўдакони навзоди дар муҳлатҳои дар асоси қонун муайян кардашуда (бе назардошти сабти барқароркунии таваллудҳои солҳои пешин) ва 33,0 ҳазор шахсони фавтида, аз он ҷумла 2,6 ҳазор кўдакони синни то 1 сола фавтидаро ба қайд гирифтаанд.

Коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рўи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 26,6 ва 3,8 нафар рост омадааст.

Афзоиши бақайдгирии таваллуд дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 дар минтақаҳои ҷумҳурӣ  асосан дар шаҳри Душанбе ва НТҶ мушоҳида мешавад. Дар шаҳри Душанбе афзоиши бақайдгирии таваллуд 3,8 фоиз (14,6 ҳазор нафар) ва дар НТҶ 1,3 фоиз (55,2 ҳазор нафар)-ро ташкил додаст. Дар ВМКБ бақайдгирии таваллуд 4,4  фоиз (4,6 ҳазор кўдаки навзод) ва дар вилояти Суғд 5,4 фоиз (64,1 ҳазор кўдаки навзод) кам шудааст. Дар вилояти Хатлон бошад бақайдгирии таваллуд дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондааст (91,8 ҳазор нафар).

Бақайдгирии шахсони фавтида дар моҳҳои январ — декабри соли 2016–ум нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 0,5 фоиз зиёд шуда, 33,0 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар ВМКБ бақайдгирии шахсони фавтида – 9,5 фоиз кам шуда, 1073 фавтро ташкил додаст. Дар вилояти Суғд бақайдгирии шахсони фавтида – 0,2 фоиз (11,0 ҳазор фавт), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 0,8 фоиз (6,9 ҳазор фавт), дар вилояти Хатлон– 1,4 фоиз (11,4 ҳазор фавт) ва дар шаҳри Душанбе 1,0 фоиз (2,6 ҳазор фавт) зиёд шудааст.

Афзоиши табиии аҳолӣ аз рўи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ — декабри соли 2016-ум нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум ба андозаи 1,4 фоиз кам шуда, 197,3 ҳазор нафар, ё ба 1000 нафар аҳолӣ 22,8 нафар рост омадааст.

Никоҳ ва талоқ

Шумораи никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 5,9 фоиз кам шуда, 72,4 ҳазор ҷуфти никоҳро ташкил кардааст. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 ба 1000 нафар аҳолӣ 8,4 ададро ташкил додааст.

Камшавии бақайдгирии никоҳ дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ — декабри соли 2015 дар ҳамаи минтақаҳо мушоҳида карда мешавад. Дар ВМКБ бақайдгирии никоҳ дар ин давра 13,0 фоиз кам шуда, 1,9 ҳазор ҷуфтро ташкил дод, дар вилояти Хатлон – 5,0 фоиз (26,5 ҳазор ҷуфт), дар вилояти Суғд – 6,2 фоиз (21,2 ҳазор ҷуфт), дар шаҳри Душанбе – 5,1 фоиз (6,7 ҳазор ҷуфт) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 6,4 фоиз (16,0 ҳазор ҷуфт).

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 дар ҷумҳурӣ 308 никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 293 ҷуфти никоҳ дар вилояти Суғд, 2 ҷуфти никоҳ дар вилояти Хатлон, 3 ҷуфти никоҳ дар шаҳри Душанбе ва 10 ҷуфти никоҳ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи талоқҳои бақайдгирифташуда дар моҳҳои январ — декабри соли 2016-ум 8856 воҳидро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 6,7 фоиз (553 талоқ) зиёд шудааст. Коэффитсиенти умумии талоқ дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 1,0 воҳид рост омадааст. Зиёдшавии шумораи талоқ  дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ВМКБ шумораи талоқҳои бақайдгирифташуда 6,6 фоиз зиёд шуда 113 воҳид талоқ, дар вилояти Суғд 6,3 фоиз (3655 воҳид талоқ), дар шаҳри Душанбе 7,8 фоиз (1286 воҳид талоқ), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,7 фоиз (2115 воҳид талоқ), дар вилояти Хатлон 1,0 фоиз 1687  воҳид талоқро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 ҷудошавии 27 ҷуфти никоҳ аз никоҳҳои хешу таборӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи талоқ ба 1000 никоҳи басташуда дар моҳҳои январ — декабри соли 2016-ум 122 талоқ рост омадааст (дар моҳҳои январ — декабри соли 2015-ум 108 талоқ рост омада буд).

 ҶИНОЯТКОРӢ

(Аз рўи маълумоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016 — ум 21756 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла 18278 ҷиноятро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратура ба қайд гирифтаанд, ки 84,0 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад. Дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3478 ҷиноят ё 16,0 фоизи шумораи умумии ҷиноятро ба қайд гирифтаанд.

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016-ум 5356 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — декабри соли 2015-ум 0,5 фоиз зиёд аст.

Бақайдгирии ҳодисаҳои таҷовуз ба номус ва сўиқасд ба он 19,5 фоиз, роҳзанӣ 5,9 фоиз, ғоратгарӣ 4,6 фоиз, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 4,5 фоиз, қаллобӣ 0,7 фоиз, дуздӣ 6,4 фоиз, аз он ҷумла дуздидани амволи хонаҳо 9,1 фоиз  ва терроризм аз 9 ҳодиса то 12 ҳодиса зиёд шудааст.

Нисбат ба моҳҳои январ — декабри соли 2015 бақайдгирии ҳодисаҳои порахўрӣ 32,0 фоиз, куштор ва сўиқасд ба он 19,0 фоиз, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 12,1 фоиз, авбошӣ 9,7 фоиз, савдои одамон аз 14 ҳодиса то 8 ҳодиса ва одамрабоӣ аз 14 то 5 ҳодиса кам шудааст.

Дар давраи ҳисобот 2797 ҷинояти иқтисодӣ (нисбат ба моҳҳои январ — декабри соли 2015-ум 8,6 фоиз кам шудааст) ба қайд гирифта шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ 772 ҷиноятро ошкор кардаанд, аз рўи 699 ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Ба ин қабил ҷиноятҳои порахўрӣ, дуздии ҳаҷман калон ва махсусан калон, дуздӣ ва дигарҳо дохил мешаванд.

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2016-ум 555 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо, ки оқибат бо ҷароҳати сахт ва марги ҷабрдида анҷомидаанд, ба қайд гирифта шуданд (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 фоиз кам аст).

Ошкоркунии умумии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ — декабри соли 2016-ум 87,2 фоизро ташкил кардааст, дар моҳҳои январ — декабри соли 2015-ум 88,5 фоиз буд.

 

Агентии омори назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 1, 2017 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид
Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Риёз иштирок намуд
Одил Рено-Бассо: «Ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Тоҷикистонро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд»