Дар деҳаи Миёнадуи ҷамоати деҳоти Сангвор бинои маркази саломатӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 04.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавассути ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ соли 2016 дар ноҳияи Сангвор ба маблағи 4 миллиону 725 ҳазору 953 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба итмом расиданд. Сохтмонҳое, ки дар соли 2016 ба анҷом нарасиданд, дар соли 2017 идома меёбанд. Аз ҷумла, сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти Вахё бо маблағи 580 ҳазор сомонӣ, кашидани хати барқ дар мавзеи Хуҷапулоди деҳаи Ёзғанди ҷамоати деҳоти Тавилдара ба маблағи 124 ҳазору 382 сомонӣ, сохтмони бинои маркази саломатӣ дар деҳаи Миёнадуи ҷамоати деҳоти Сангвор ба маблағи 2 миллион сомонӣ, таъмири асосии шуъбаи бемориҳои дарунии Беморхонаи маркази ноҳия бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ, таъмири пурраи бинои Маркази калонсолон дар маркази ноҳия бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ, таъмири пурраи 4 синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, деҳаи Чилдараи ҷамоати деҳоти Чилдара ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ. Сохтмонҳое, ки дар соли 2017 идома меёбанд, дар маҷмӯъ 3 миллиону 369 ҳазору 382 сомониро ташкил медиҳанд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Сангвор Зарифхӯҷа Шоҳиён ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Рӯзноманигорон дар нишаст ба Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия, омодагӣ ба ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети ноҳия, таъмини нафақа ва маош, соҳаи чорводорӣ, рушди соҳаи занбӯрпарварӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия, ҳолати зимистонгузаронӣ, рушди соҳаи варзиш ва фарҳанг, оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, васеъ гардонидани майдони кишти картошка ва кишту кори баҳорӣ савол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






