Дар ноҳияи Муъминобод аз 40 то 60 сантиметр барф борид

Февраль 8, 2017 15:37

Новый рисунокМУЪМИНОБОД, 08.02.2017  /АМИТ  «Ховар»/. Рӯзҳои 3- 4 феврали соли равон дар ноҳияи Муъминобод  аз 40 то 60 сантиметр барф борид. Дар деҳоти кӯҳистон бориши барф  аз ин ҳам зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда, ҳангоми бориши барф сари вақт маводи зиддилағжиш ва омехтаи қуму намак мепошанд.

Тавре  Темур Ҳаётов, сардори муассисаи мазкур  иттилоъ  дод, давоми солҳои охир дар ноҳия чунин бориши зиёди барф ба қайд нагирифта шуда буд. Омодагии хуби муассиса ба тирамоҳу зимистони имсола имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз техникаи соҳавӣ  коргарони муасиса роҳҳоро сари вақт аз барф тоза намоянд.

Дар баробари Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия кормандони корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ давоми ду шабонарӯз дар маркази ноҳия фаъолияти хуб нишон дода, роҳҳо ва дарахтони ороишию сояафканро аз барф тоза карданд.

Ба иттилои маркази обуҳавосанҷӣ, давоми  чанд рӯзи оянда ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, сардии ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб то 14 дараҷа пешгӯӣ мешавад.

 

Февраль 8, 2017 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад