Дар Сарбанд ба ифтихори Наврӯз озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд

Февраль 9, 2017 17:43

ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар боғи фарҳангии шаҳри Сарбанд озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, озмун бо мақсади эҳёи касбҳои миллӣ, дарёфти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили таомҳои қадимӣ ва тарғиби расму оинҳои миллӣ роҳандозӣ гардид. Дар озмун духтарони ҳунарманди ҷамоатҳои деҳоти «Гулистон»-у «Ваҳдат» ва тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр иштирок намуданд. Иштирокчиёни озмун бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, шириниҳои рангоранг, хӯришҳову меваҷоти тоза дастурхони идона ороста, ҳунари худро ба тамошо гузоштанд. Озмун бо риояи тамоми суннатҳои наврӯзӣ ҷараён гирифт.
Ҳунари пазандагии бонувони хушсалиқа аз ҷониби сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, сармутахассиси раёсати мазкур Гулчеҳра Наимова ва собиқадори меҳнат Хатича Ализода баҳогузорӣ карда шуд.

Февраль 9, 2017 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад