Дар се рӯзи охир дар ҷумҳурӣ лағзиши беш аз 80 тарма ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 17, 18 ва 19 феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар роҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаҳои калон ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти аҳолии маҳаллӣ, чунин боришоти зиёд ва тармафароӣ тайи 20-30 соли охир рух надода буд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи лағзиши беш аз 80 тарма ва барфи шадид дар ин рӯзҳо 75 нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ баста шуданд. Айни замон роҳ баста аст.
Барои ташкили кор оид ба интиқол додани аҳолӣ ба ҷойҳои бехафв ситодҳои муштараки байниидоравӣ дар километрҳои 48 ва 72-юми шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ таҳти роҳбарии муовини аввал ва муовини Раиси кумита таъсис дода шуданд. Дар натиҷаи кор аз 17 то 20 феврал 78 нафар мусофирон ва ронандагони нақлиёти автомобилӣ кӯчонида шуданд.
Барои тоза кардани роҳ ширкати «Innovative Road Solutions» (IRS) техникаи махсус ҷудо кардааст.
Дар минтақаҳои фаромадани тарма баҳри таъмини бехатарии аҳолӣ постгоҳҳои БДА ва ширкати роҳии IRS гузошта шудаанд.
Вазъияти мушкил дар роҳи Ванҷ-Хоруғ-Мурғоб боқӣ мемонад. Он ҷо бо сабаби фаромадани сангрезиҳо ва лағзиши тарма роҳ баста шудааст. Барои бартарафсозии ин ҳолат Ситоди ҳолатҳои фавқулода таҳти роҳбарии Раиси вилоят таъсис дода шудааст, ки шабонарўз фаъолият дорад.
Бино ба иттилои манбаъ, хавфи фаромадани тарма 5-8 рӯзи дигар боқӣ мемонад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






