Дар шаҳри Хуҷанд ҳар чоршанбе намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ба намоиш гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 02.02.2017 /АМИТ Ховар/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва ашёҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора аз хадамоти мабуоти вилояти Суғд хабар доданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ бо мақсади рушд ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ бо ибтикори маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба роҳ монда шуд.
Ба иттилои манбаъ, минбаъд ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе намоиш ва фурӯши намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва ашёҳои таърихӣ доир мешавад.
Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» мавзеи сайёҳӣ ва макони истироҳату фароғати сокинону меҳмонони вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, намоишгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки меҳмонону сайёҳон ба маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ дастрасӣ пайдо намоянд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






