Дар шаҳри Сарбанд ҷаласаи Шӯрои занони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид

Февраль 13, 2017 15:01

ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд ҷаласаи Шӯрои занони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа 80 нафар бонувони фаъоли тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Сарбанд иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии таъсиси Шӯро мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, муҳайё сохтани шароити баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва идораю корҳои давлатию ҷамъиятӣ мебошад.
Дар ҷаласа муовини раиси шаҳри Сарбанд Наргис Қурбонова аъзои Шӯроро барои расидагӣ намудан ба мушкилоти занони деҳот, таҳким бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон ва пешгирии амалҳои номатлуб роҳнамоӣ намуданд.

Февраль 13, 2017 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд