Дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2015 ба андозаи 26 фоиз камтар маводи мухаддир мусодира шудааст

Февраль 2, 2017 12:29

DSC_0125ДУШАНБЕ, 02.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2015 1 тоннаю 250 кг ё 26 фоиз камтар маводи мухаддир мусодира карда шудааст. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид.
Инчунин зикр гардид, ки аз тарафи кормандони Агентӣ дар соли 2016 152 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор гардид. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 808 кг 149 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 18 кг 377 грамм героин, 237 кг 267 грамм афюн ва 543 кг 929 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2015 — 212 кг 65 грамм ё 20 фоиз камтар мебошад.
Ҳамчунин ду ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ ошкор ва аз муомилот 180 (с. 2015 — 5439) дона ҳабби синтетикии навъи экстазӣ (МДМА) ва Амфетамин мусодира карда шуд.

Февраль 2, 2017 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд