Дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озоди шаҳри Кӯлоб 83 нафар ба кори доимӣ роҳхат гирифтанд

Февраль 20, 2017 14:49

КӮЛОБ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озодро аз тарафи ташкилоту муассисаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб доир намуд.
Дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод зиёда аз 523 ҷойи корӣ ва вазифаҳои озод аз тарафи 50 ташкилоту муассисаҳои гуногуни хоҷагидорӣ пешниҳод карда шуд. Тавассути ин ярмарка 83 нафар ба ҷойи кори доимӣ роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 60 нафарашон ҷавонон буданд.
Инчунин аз тарафи шуъбаҳо, бахшҳои агентии шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб ба корҷўён барои омўхтани ҳунарҳои мардумӣ ба монанди заргарӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ роҳхат пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа 345 нафар ба омӯзиши ин касбҳо роҳхат гирифтанд.

Февраль 20, 2017 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд