Дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Туркия бо ҳам вохӯрданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аввалин бозии худро дар соли 2017 бо дастаи мунтахаби футзали Туркия гузаронид. Вохӯрӣ бо ғалабаи соҳибони майдон бо натиҷаи 5:4 анҷом ёфт.
Ин вохӯрӣ дар шаҳри Ялови Туркия дирӯз барпо гардид. Баъди нимаи аввали бозӣ футзалистони мо бо натиҷаи 3:2 дар сафи пеш буданд, аммо нимаи дуюм барои соҳибони майдон бобарор омад ва дар натиҷа бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд. Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Некрӯз Алимаҳмадов (2-то), Меҳрубон Тиллозода ва Хуршед Маҳмудов ба ҳадаф расониданд.
Имрӯз бори дигар ин дастаҳо дар бозии дуюми худ вориди толор мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки вохӯриҳои мазкур аз рӯи барномаи омодагии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё, ки аз 13 то 22 октябр дар минтақаи Осиёи Марказӣ мегузарад, роҳандозӣ шудаанд.








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






