Дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпии махсуси умумиҷаҳонӣ ширкат меварзад

Февраль 16, 2017 14:47

ДУШАНБЕ, 16.02.2017. /АМИТ Ховар/. Аз 14 то 26 марти соли равон дар шаҳри Гратси Австрия Бозиҳои зимистонаи Олимпии махсуси умумиҷаҳонӣ баргузор карда мешаванд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мақсади иштироки дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ва нақшаи маблағгузории Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2017 ва дар асоси фармоиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳайати дастаи Тоҷикистон иборат аз 12 нафар дар Бозиҳои зимистонаи олимпии махсуси умумиҷаҳонӣ ширкат меварзад.
Дар бозиҳо ҳайати дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Дилбар Шарипова, раиси Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ширкат меварзад.

TOPSHOTS Austrian alpine skiers (LtoR) Georg Streitberger, Klaus Kroell, Max Franz, Joachim Puchner, Romed Baumann pose in the Olympic Rings on February 4, 2014 at the Mountain Olympic Village at the Rosa Khutor Alpine centre, four days prior to the start of the 2014 Sochi Winter Olympic Games.    AFP PHOTO / FABRICE COFFRINI

Февраль 16, 2017 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд