Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз рӯи 15 ихтисос довталаб қабул мекунад

Февраль 3, 2017 10:13

ДУШАНБЕ, 02.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 4 феврали соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода доир мегардад. Тавре аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иттилоъ доданд, тадбири мазкур ба ифтихори Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 роҳандозӣ шудааст.
Дар рӯзи аввали дарҳои кушода хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои гирифтани маълумот оид ба шароити таҳсил ва ихтисосҳое, ки дар Донишкада омӯзонида мешаванд, ба донишкада меоянд.
«Донишҷӯёне, ки ба санъати тасвирӣ шавқу рағбати зиёд доранд ва дар соҳаи интихобкардаи худ муваффақ ҳастанд, метавонанд бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилашонро дар хориҷи кишвар давом диҳанд»,-гуфт Тағоймурод Назаров, сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар нақша дорад, ки дар соли таҳсили 2017-2018 аз рӯи 15 ихтисос, аз ҷумла кандакорӣ, кулолгарӣ, наққошӣ, рассомӣ ва тарроҳӣ довталабонро қабул кунад.

Февраль 3, 2017 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст