Ду бозии серголи гурӯҳи «Б» барои Ҷоми ФФТ
ДУШАНБЕ, 15.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дирӯз ду вохӯрии сергол дар гурӯҳи «Б» ба анҷом расиданд.
Чемпиони мамлакат «Истиқлол» -и Душанбе дар баробари намояндаи Лигаи якуми чемпионати мамлакат- «Ҳулбук»-и Восеъ натиҷаи рекордӣ нишон дода, меҳмонашро бо ҳисоби 11:0 шикаст дод. Ҷаҳонгир Эргашев баъди бозгашт аз дастаи «Динамо-Брест»-и Беларус ба ҳайати дастаи «Истиқлол» пайваста, дар ин вохӯрӣ ду гол зад. Фатҳулло Фатҳуллоев ва Дилшод Восиев низ бо ду голӣ дар ғалабаи дастаашон нақш гузоштанд.
Дар вохӯрии дуюм «Регар-ТадАз» намояндаи вилояти Суғд-дастаи «Ашт»-ро бо нишондоди 6:2 мағлуб кард.
Имрӯз «Равшан» бо «Кӯктош» (12:30) ва «Хуҷанд» бо «Ҳосилот» (15:00) қувва месанҷанд.
Ҷоми ФФТ-2017. Бозиҳои ниҳоӣ
Гурӯҳи «Б». Даври 1
«Истиқлол» «Ҳулбук» 11:0
Муаллифи голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 22 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 27 (2:0). Ҷаҳонгир Алиев, 28 (3:0). Дмитрий Барков, 34 (4:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 44 (5:0). Фатҳулло Фатҳуллоев , 45+1 (6:0). Нуриддин Давронов, 62 (7:0). Ромиш Ҷалилов, 80 (8:0). Дилшод Восиев, 89 (9:0). Фаридун Шарифов, 90+1 (10:0). Дилшод Восиев, 90+2 (11:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Соҳиб Саванқулов, Сиёвуш Асроров, Артем Барановский (Муҳаммад Ҳасан, 46), Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 46), Амирбек Ҷӯрабоев (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (Ромиш Ҷалилов, 46), Ҷаҳонгир Эргашев (Фаридун Шарифов, 46), Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 46).
«Ҳулбук» (Восеъ): Шоҳин Ҷалилов, Равшан Хоҷаев, Шӯҳрат Раҳмонов, Насим Соҳибназаров, Ҳасан Наврӯзов, Юсуф Зоҳиров, Зоҳир Холматов, Беҳрӯзи Нусратулло, Самариддин Расулов, Зарҳалшо Акрамов, Азиз Раҷабалиев.
Огоҳӣ: Муҳаммад Ҳасан («Истиқлол»), Насим Соҳибназаров, Довуд Шомадов («Ҳулбук»).
Бозингари беҳтарин: Нуриддин Давронов («Истиқлол»).
Довари майдон: Абдурашид Муродов (Турсунзола) 7,5
«Регар-ТадАЗ» «Ашт» 6:2
Муаллифи голҳо: Ҳикматулло Расулов, 12 (1:0). Баҳодур Абдуғаниев, 22 автогол (2:0). Евгений Хотимский, 44 (3:0). Фирӯз Қараев, 51 (4:0). Дилмурод Донаев, 65 (4:1). Достон Абдуллоев, 70 (4:2). Азиз Мансуров, 80 (5:2). Комрон Турсунов, 89 (6:2).
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов (Владимир Сисоев, 46), Алишер Шарифов (Бахтиёр Қаландаров, 46), Дороб Эргашев, Фарҳод Холбеков (Акбар Бобомуродов, 46), Фирӯз Қараев, Расул Файзов (Азиз Мансуров, 46), Бахтиёр Чориев, Ҳикматулло Расулов (Хоҷиакбар Узоқов, 71), Шерзод Муҳаммадиев, Давронҷон Тӯхтасунов (Комрон Турсунов, 46), Евгений Хотимский (Азим Тошев, 74).
«Ашт» (Ашт): Шаҳбоз Исмоилов, Баҳодур Абдуғаниев, Дилшод Ёрматов, Абдураҳмон Масолиев, Шоҳдон Юнусалиев (Бекиҷон Тоҳиров, 54), Дилмурод Донаев, Фаррух Кушбоев (Бахтиёр Эркаев, 46), Садриддин Азимов (Фирдавс Сатторов, 62), Достон Абдуллоев, Собир Эргашев, Баҳром Ёрматов.
Огоҳӣ: Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Собир Эргашев, Бегиҷон Тоҳиров («Ашт»).
Аз майдон ронда шуд: Бахтиёр Эркаев («Ашт»), 50
Бозингаари беҳтарин: Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).
Довари майдон: Акобир Файзуллозода (Душанбе) 7,8








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






