Дуздии панҷ ангуштарини чемпионии як бозингар
ДУШАНБЕ, 02.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Панҷ ангуштарини чемпионии собиқ бозингари дастаи баскетболи «Лос-Анҷелес Лейкерс» Дерк Фишерро аз хонааш дуздидаанд. Дар ин бора ТМZ хабар медиҳад.
Фишери 42-сола ба полис хабар додааст, ки аз хонааш дуздон ба маблағи 300 000 доллар ҷавоҳиротро ба яғмо бурдаанд. Дар қатори молҳои қиматбаҳо 5 ангуштарини чемпионӣ ҳам будааст. Дар НБА барои чемпионҳо ангуштарин дода мешавад. Роҳбарияти дастаи «Лейкерс» баъди нашри ин хабар ба Фишер иттилоъ додаанд, ки клуб омода аст дар сурати пайдо нашудани ангуштаринҳо онро ҷуброн кунад.
Фишер дар ҳайати дастаи «Лейкерс» панҷ маротиба чемпиони НБА (солҳои 2000, 2001, 2002, 2009 ва 2010) гардидааст. Ӯ соли 2012 аз ин клуб ба «Оклахома Сити-Тандер» гузашта, дар 39 солагӣ соли 2014 ҳунарнамоиашро хотима додааст.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






