Эрон ният дорад бо Россия дар Шарқи Наздик иттиҳоди стратегӣ созмон диҳад
ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Теҳрон ният дорад бо Москва дар Шарқи Наздик иттиҳоди стратегӣ созмон диҳад. Дар ин бора раиси Маҷлиси Эрон Алӣ Лориҷонӣ дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони «Ал-Маёдин» иброз намуд.
Ӯ зикр кард, ки миёни «Теҳрон ва Москва» оид ба масоили калидии рӯзмарраи Шарқи Наздик, аз ҷумла раванди сулҳи Сурия «ихтилофҳо» вуҷуд надоранд.
Эрон ҳамроҳ бо Россия ва Туркия кафили созиш дар Сурия, ки он ҷо аллакай 6 сол боз низои мусаллаҳонаи дохилии шаҳрвандӣ идома дорад, мебошад. Маҳз бо дастгирии се кишвари мазкур дар Остона бори аввал миёни намояндагони ҳукумат ва мухолифини Сурия музокироти мустақим сурат гирифт.
Лориҷонӣ ҳамчунин идеяи ба роҳ мондани муколамаи мустақими Эрон бо кишварҳои араб, аз ҷумла бо рақиби асосии худ дар минтақа Арабистони Саудиро ҷонибдорӣ намуд. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки чунин ҳамкорӣ бояд бидуни маслиҳатҳои пешакӣ сурат гирад.
Ёдовар мешавем, ки 2 январи соли 2016 Арабистони Саудӣ 47 нафар маҳкумшуда ба терроризм, аз ҷумла фақеҳи машҳури шиамазҳаб Нимра Ан-Нимраро ба қатл расонд. Шоми ҳамон рӯз тӯдаи тазоҳургарони эронӣ ба бинои сафорати Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ҳамла карданд. Дар ҷавоб рӯзи дигар Арабистони Саудӣ равобити дипломатиашро бо Эрон қатъ кард.
Бояд гуфт, ки дар пайи Арабистони Саудӣ ҳамчунин Баҳрайн, Судон, Ҷибути ва Сомалӣ робитаҳои дипломатии худро бо Эрон қатъ карданд. Дар навбати худ, Амороти Муттаҳидаи Араб сатҳи намояндагии дипломатиро паст намуда, Кувайт ва Қатар сафиронашонро бозхонд карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






