Футболбози тоҷик Парвиз Умарбоев дар ғалабаи «Локомотив»-и Булғория саҳм гузошт

Февраль 21, 2017 11:37

ДУШАНБЕ, 21.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Парвиз Умарбоев, ки шарафи дастаи «Локомотив»-и Булғорияро ҳимоя мекунад, дар даври 20-уми Чемпионати ин кишвар бо голи задааш «Локомотив»-ро ба пирӯзӣ расонд.
Дирӯз «Локомотив» бозии сафарии худро бо клуби «Верея» доир кард. Парвиз Умарбоев дар дақиқаи 68-ум ба майдон омада, дар охири вохӯрӣ (90+2) ягона тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид кард ва баъди ин ғалаба «Локомотив» мавқеъашро дар ҷадвали мусобиқот беҳтар карда, ба зинаи чорум баромад. Ин голи сеюми Парвиз Умарбоев дар ҳайати «Локомотив» аст.
Клуби дигари Булғория-«Дунав», ки дар он муҳофизатгари дастаи мунтахаби кишварамон Искандар Ҷалилов бозӣ мекунад, дар ин давр дар майдонаш аз «Берое» бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд. Искандар давоми 90 дақиқа дар майдон ҳунарнамоӣ кард.
Ҷадвали чемпионати Булғория чунин аст:

Клуб Б Ғ М Б Т/т И
1. Лудогоретс 20 17 2 1 52 — 16 53
2. Левски 20 13 4 3 31 — 11 43
3. ССКА 20 11 5 4 30 — 10 38
4. Локомотив П 20 9 6 5 29 — 23 33
5. Черно море 20 8 6 6 21 — 20 30
6. Дунав 20 8 4 8 22 — 24 28
7. Ботев 20 8 3 9 31 — 37 27
8. Берое 20 7 5 8 20 — 22 26
9. Пирин 20 6 5 9 22 — 28 23
10. Верея 20 6 5 9 17 — 26 23
11. Славия 20 6 3 11 24 — 32 21
12. Нефтохимик 1962 20 5 3 12 21 — 32 18
13. Локомотив Г-О 20 4 6 10 14 — 27 18
14. ПФК Монтана 20 2 3 15 12 — 38 9
Февраль 21, 2017 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд