Гумонбарони ҷинояти дуздӣ ва куштор дастгир шуданд
ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ «Ховар». Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҷиноятҳо ошкор ва гумонбарони ҷиноят дастгир карда шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи марди 41-солаи сокини деҳаи Янгибоғи ноҳияи Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. Гумонбаршуда 22 феврали соли 2017, тахминан соати 20:00 ба манзили истиқоматии ҷавони 19-солаи сокини деҳаи мазкур омада, аз сабаби муноқиша бо ӯ ва падари 41-солааш бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба аъзои бадани онҳо задааст. Дар натиҷа ҷавони 19-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, падараш дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Инчунин ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Сино марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 3 ҳазору 900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд. Ба ин монанд, зани 41-солаи сокини шаҳри Душанбе хабар додааст, ки 8 декабри соли соли 2016 шахси номаълум аз хонаи истиқоматиаш як адад компютери тамғаи «Самсунг»-ро бо тамоми таҷҳизот, ҷамъ ба маблағи 3 ҳазору 500 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбари ҷинояти дуздӣ- марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






