Гумруки Хатлон: Аз сокини шаҳри Қӯрғонтеппа 58,3 грамм ҳашиш дарёфт гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти густурда сокини шаҳри Қӯрғонтеппа С.Д. ҳангоми ба сокини ноҳияи Вахш Ю.Ш. додани бастаи полиэтилении шубҳанок мавриди боздошт қарор гирифт.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гузаронидани муоинаи шахсии С.Д. аз кисаи тарафи чапи ӯ як адад бастаи полиэтилении рангаш сиёҳи дорои хамираи қаҳваранги монанд ба маводи мухаддири навъи афъюн дарёфт гардид.
Тибқи ташхиси озмоишгоҳӣ маводи мазкур ба навъи ҳашиш тааллуқ дошта, вазни холиси он 58,3 гр-ро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо дастрасии қисми 1 моддаи 201 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд.








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






