Иқдоми пиронсолони Сарбанд ҷавононро ҳавасманд кард

Февраль 1, 2017 17:08

ДУШАНБЕ, 01.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ пиронсолони шаҳри Сарбанд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ назди худ мақсад гузоштанд, ки боғи Ғалабаи шаҳрро обод намоянд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вилояти Хатлон хабар доданд.
Ин мардони куҳансол наздики 100 ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида, ҷӯйҳои обрасониро тоза намудаанд. Иқдоми пиронсолони шаҳри Сарбандро ҷавонон низ дастгирӣ намуданд.
Бино ба иттилои сарчашма, имрӯзҳо сокинони вилоят баҳри иҷрои корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррам гардонидани маҳалли зист ва кӯчаву хиёбонҳо ҳашарҳои дастаҷамъӣ ташкил намуда, барои ободию тозагии маҳалли зисти худ кӯшиш доранд.

Февраль 1, 2017 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид