«Ҳифзи Ватан муқаддас аст» -озмуни «Суруди сарбоз» натиҷагирӣ шуд
ХУҶАНД, 24.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд озмуни «Суруди сарбоз» таҳти унвони «Ҳифзи Ватан муқаддас аст» натиҷагирӣ гардид. Он ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон бахшида шуда буд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» роҳбари маркази иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, озмуни мазкур байни сарбозону афсарони қисмҳои низомии вилоят доир шуда, он бо ибтикори бахшҳои фарҳанг ва иттилоот, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти шаҳрӣ бо дастгирии мақомоти маҳалии шаҳр гузаронида шуд.
Ҳадафи озмуни мазкур аз баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ байни ҷавонон, ташвиқу таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ миёни сарбозон ва баланд бардоштани малакаю маҳорати ҷангиву варзишии сарбозону афсарон иборат буд.
Сарбозону афсарони шаш қисми ҳарбӣ ва курсантони факултаи 4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Аз рӯи холҳои ба дастоварда ҷои аввал насиби дастаи қисми ҳарбии 3501, дуюму сеюм насиби намояндагони қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ ва курсантони факултаи 4-уми Академияи ВКД ҶТ гардид.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун Диплом ва туҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






