Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар — ТадАЗ» дар бозии финалии Ҷоми ФФТ ба майдон меоянд
ДУШАНБЕ, 24.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар — ТадАЗ»-и Турсунзода имрӯз соати 17:00 дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ вориди майдони Варзишгоҳи марказии пойтахт мегарданд.
Давоми ду моҳ бо ширкати дастаҳои Лигаи дуюм, якум ва Лигаи олии Чемпионати мамлакат мусобиқа барои Ҷоми ФФТ дар минтақаҳо ва баъдан бозиҳои финалии он дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд ва имрӯз ғолиб муайян мегардад. Дар сатҳи бозиҳои ниҳоӣ «Истиқлол» ва «Регар ТадАЗ» ягон маротиба бо ҳам қувва наозмудаанд, вале ҳар ду даста ду маротибагӣ ин Ҷомро ба даст овардаанд.
«Истиқлол»и Душанбе солҳои 2014/2015 ду маротиба дар бозии ниҳоӣ «Хайр»-и Ваҳдатро (2:0 ва 5:1) ноком кардааст ва имсол маҳз бо сабаби аз мусобиқа даст кашидани «Хайр»-и Ваҳдат дар бозиҳои финалӣ «Истиқлол» аз зинаи сеюм ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфт ва ҳамаи дастаҳоро ба мағлубият рӯ ба рӯ кард. Дар бозиҳои минтақаи марказ истиқлолиҳо бо ҳайати ҷавонони худ иштирок карда буданд.
«Регар ТадАЗ» соли гузашта дар бозии финалӣ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда, соҳиби Ҷом гардид. Дигар ғалабаи футболбозони шаҳри Турсунзода ба соли 2012, аввалин мусобиқаи Ҷоми ФФТ рост меояд. Он вақт «Хайр»и Ваҳдат бо натиҷаи 1:0 мағлуб шуда, Ҷомро ба «Регар ТадАЗ» дод.
Аз панҷ бозии ниҳоии пешина «Хайр»-и Ваҳдат дар чортоаш иштирок кардааст. Соли 2013 футболбозони ин даста дар вохӯрии ниҳоӣ бар КМВА «Помир» (1:1, аз зарбаҳои пеналтӣ-6:5) ғалаба кардаанд.
Акнун дар бозии шашум имрӯз кадом даста ғолиб меояд, баъди ҷамъбасти мусобиқа маълум хоҳад шуд.








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






