Интихоби дурусти ҳамсар–кафили зиндагии бобақо ва бардавом
ШАҲРИНАВ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб, ҷудошавии оилаҳо, дуруст ва аз наздик фаҳмонидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати раиси Суди ноҳияи Шаҳринав Муҳаббат Сайидзода, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Нодира Дадабоева, мудири бахши кор бо занон ва оила Барно Раҳимова дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳринав силсилаи вохӯриҳо оғоз гардиданд.
Гурӯҳи таблиғотӣ дар бораи никоҳи хешутаборӣ, ки аллакай тибқи қонун манъ гаштааст, гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ қабл аз хонадоршавӣ ва сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, маслиҳат ва машваратҳои судманд медиҳанд. Ин тадбирҳо барои тавлид, тарбия ва ба воя расонидани насли солим кумак мерасонанд.
Тавре мудири САҲШ- и ноҳияи Шаҳринав Нодира Дадабоева иброз дошт, ҳанӯз масъалаи ҷудошавии оилаҳо нигаронкунанда аст. Агар дар соли сипаригардида 142 адад оилаҳо пош хӯрда бошанд, пас дар моҳи январи соли равон 17 адад оилаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо гардиданд. Гурӯҳи таблиғотӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳоро дар сатҳу сифати баланд ва мунтазам доир менамояд. Маҳз интихоби дурусти ҳамсар имкон медиҳад, ки зиндагии оилавӣ дар оянда бобақо ва бардавом бошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






