Иртиботи интернетӣ дар ВМКБ на ба иллати қатъи неруи барқ, балки бинобар аз кор мондани батареяҳои офтобӣ муваққатан канда шуд

Февраль 9, 2017 11:30

ХОРУҒ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми ду рӯзи охир дар ВМКБ муштариёни «Вавилон» ва «Билайн» аз истифодаи шабакаи интернет маҳрум монданд. Иддае аз муштариён сабаби «гум» шудани иртиботи интернетиро ба садама дар Неругоҳи барқи обии «Помир- 1» ва қатъ шудани интиқоли неруи барқ мансуб медонанд. Аммо корманди масъули ширкати «Помирэнерҷӣ» Кишвар Элназаров гуфт, ки сарфи назар аз барфу боронгариҳо ва тармафуроӣ ин ширкат 24 соат муштариёни худро бо барқ таъмин мекунад. «Танҳо дар баъзе мавзеъҳои баландкӯҳ тарма ба симчӯбҳо осеб мерасонад, аммо дар зудтарин фурсат ин камбудӣ ислоҳ мегардад. Фақат як неругоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 137 киловатт дар деҳаи Пасори водии Бартанги ноҳияи Рӯшон аз кор мондааст. Ҳарчанд ин неругоҳи хурд ба ширкати «Помирэерҷӣ» тааллуқ надорад, баъди кушода шудани роҳ ба ин деҳа мутахассисони ширкат барои ба кор андохтани неругоҳ ба сокинони ин деҳа кумак мерасонанд»,-гуфт Кишвар Элназаров.
Мутахассисони ширкати мобилии «Вавилон» изҳор намуданд, ки ба сабаби зери барф мондани батареяҳои офтобӣ онҳо қудрати қабули неруи офтоб ва аз худ ихроҷ намудани неруи барқро аз даст доданд. Ин боиси аз кор мондани антеннаҳои мавҷпаҳнкунанда гардид. Аксарияти ин антеннаҳо дар доманакӯҳҳо васл карда шудаанд, ки ғафсии барф то якуним метр аст. Аммо кормандони онҳо сарфи назар аз ғафсии барф баъди ду рӯз, субҳи 8 феврал худро то ба ин мавзеъҳои дурафтода расонданд ва иртиботи интернетӣ ва мобилиро барқарор намуданд.

Февраль 9, 2017 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад