Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи риштаи Истанбул
ДУШАНБЕ, 01.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Шаш корхонаи ресандагии Тоҷикистон, назири «Ваҳдат Текстил», «Ноҳид», «Олим Текстайл», «РБТ Ресандаи Тоҷикистон», «Файзи Истиқлол 2011» ва «ХИМА Текстил» дар намоишгоҳи байналмилалии ришта, ки аз 2 то 5 феврал дар Истанбул доир мегардад, иштирок менамоянд.
Ширкати «Ноҳид» ба намоишгоҳ барои дарёфти манбаи нави ашёи хом меравад, панҷ корхонаи дигар маҳсулоти худро ба харидорони эҳтимолӣ пешниҳод мекунанд.
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Истанбул ва иштирок дар намоишгоҳи мазкур бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул беш аз 8000 боздидкунанда аз 80 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар намоишгоҳи Истанбул, ки ҳамчун «қалби саноати ришта дар АвруОсиё» шинохта шудааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва маҳсулоти нассоҷиро ба намоиш мегузоранд. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки «намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои мо имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пешрафтаи маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда ва тоҷирон тамос барқарор кунанд, бо талаботи бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шаванд».








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






