Иштироки зиёда аз 2000 нафар дар ҳафтаи муаррифии асарҳои тозанашри Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 10.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон муаррифии асарҳои тозанашри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат — ҳастии миллат» байни кормандони коргоҳу муассисаҳо ва маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд. Мамнур Нурзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Бӯстон гуфт: «То ин дам дар муаррифии асарҳои мазкур зиёда аз 2000 нафар сокинони касбу кори гуногун, аҳолии маҳал ва ҷавонони фаъол ширкат варзиданд».
«Ҳадаф аз муаррифии асарҳои мазкур дар Соли ҷавонон он аст, ки бояд ҷавонон аз кору пайкор ва ҳидоятҳои 25 чеҳраи таърихӣ ва мондагор ибрат гирифта, барои ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидан дар ин сол, ҳамзамон гиромидошти забони нобу шевои тоҷикӣ ҷаҳду талош намоянд»,- зикр кард М. Нурзода.
Ёдовар мешавем, ки аз 6 то 11 феврали соли равон муаррифии асарҳои «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат-ҳастии миллат» дар шаҳри Бӯстон ҷараён гирифта, аз 13 то 17 феврал он дар ҷамоати шаҳраки Палос идома меёбад.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






