«Истиқлол» ва «Регар — ТадАЗ»- дар финали Ҷоми ФФТ
ДУШАНБЕ, 22.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар — ТадАЗ»-и Турсунзлда дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бо ҳам қувва меозмоянд.
Дирӯз дар бозии нимниҳоӣ «Регар -ТадАЗ» бар дастаи «Кӯктош» бо натиҷаи 2:1 ғолиб омад. Ду голи задаи Дилшод Бозоров (6-ум дақиқа) ва Шерзод Муҳаммадиев (80) дар ин вохӯрӣ тақдири роҳхатро ба финал ҳал кард. Аз дастаи «Кӯктош» Адҳам Абдуллоев муаллифи голи ягона гардид.
Вохӯрии дуюми нимниҳоӣ бо иштироки дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» аз сабаби ба бозӣ наомадани футболбозони шаҳри Кӯлоб баргузор нашуд ва ба «Равшан» бохти техникӣ бо натиҷаи 3:0 мансуб дониста шуд.
Акнун дар бозии шашуми ниҳоӣ 24 феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Истиқлол» ва «Регар — ТадАЗ», ки думаротибагӣ Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд, вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ соати 17:00.
Ҳамаи вохӯриҳои ниҳоӣ барои Ҷоми ФФТ:
2012 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хайр» (Ваҳдат) 1:0
2013 «Хайр» (Ваҳдат) КМВА «Помир» (Душанбе) 1:1. Аз зарбаҳои пеналтӣ 6:5
2014 «Истиқлол» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) 2:0
2015 «Истиқлол» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) 5:1
2016 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1:0
2017 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ?








Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд






