Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ аз ҷониби сокинони пойтахт ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани санҷиши муштараки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи барқ дар шаҳри Душанбе якчанд ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ аз ҷониби сокинон муайян гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гузаронидани санҷиш муайян карда шуд, ки марди 19-солаи сокини кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ хати қувваи барқро ба хонаи истиқоматиаш гузаронидааст. Дар натиҷа бо ин амалаш ба Ширкати саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик» ба миқдори 2 ҳазору 784 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Ҳамчунин муайян гардид, ки марди 28-солаи сокини кӯчаи Навободи шаҳри Душанбе бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро ба нонпазхонааш, ки дар наздики хонаи истиқоматиаш ҷойгир аст, гузаронида, муддати муайян қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурдааст.
Дар натиҷа ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






