Кормандони милитсия бо шароити илмомӯзии донишҷӯён шинос шуданд

Февраль 8, 2017 15:32

ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи ҷавонони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи таҳсил дар мактабҳои олӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо шароити таҳсили онҳо шинос шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни суҳбат бо омӯзгорону донишҷӯёни ин коллеҷ кормандони милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор намуданд, ки ин қонун падару модаронро вазифадор менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд.
Зикр шуд, ки коллеҷ барои ҳар як ҷавон макони омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия мебошад. Омӯзгорони он дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи донишҷӯёнро такмил медиҳанд.
Дар суҳбат бо кормандони милитсия масъулини Коллеҷи омӯзгорӣ зикр намуданд, ки бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ боиси дастгирӣ буда, он ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, хусусан донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.

Февраль 8, 2017 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд