Лигаи чемпионҳои Аврупо: «Ювентус» ва «Севиля» аз ҳарифонашон беҳтар буданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Клубҳои футболи Ювентус»-и Италия ва «Севиля»-и Испания дар бозиҳои рафти 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо аз ҳарифонашон беҳтар буданд. Дар ин бора расонаҳои варзишии ҷаҳон хабар медиҳанд.
Дирӯз дастаи «Ювентус» дар сафар бар «Порту»-и Португалия бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Марко Пятса (72) ва Дани Алвес (74) ин голҳоро ба номи худ сабт карданд.
Дар бозии дигари рӯз «Севиля»- чемпиони Англия «Лестер Сити»-ро дар майдонаш шикаст дод. Натиҷаи 2:1 мухлисони «Лестер»-ро барои ба даври дигар гузаштан умедвор мекунад. Голҳо аз ҷониби Пабло Сарабия (25), Ҳоакин Корреа (62, «Севиля») ва Ҷейми Вардӣ (73, «Лестер») ба дарвоза равон карда шуданд.
Бозиҳои ҷавобӣ 14 март гузаронида мешаванд.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






