Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи Темурмалик корҳои таблиғотӣ мегузаронад

Февраль 8, 2017 16:18

Маркази тестиТЕМУРМАЛИК, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави дохилшавӣ ба муассисаҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ гардид. Ҳадафи асосии ин низом муайян намудани беҳтаринҳо аз миёни довталабон ва паст намудани сатҳи коррупсия дар соҳа мебошад.
Маркази миллии тестӣ қабл аз оғози имтиҳонҳо кормандонро барои гузаронидани семинару вохӯриҳо бо довталабон ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар намудааст. Ба иттилои Сорбон Лутфуллоев, корманди ММТ дар ноҳияи Темурмалик корҳои таблиғотӣ дар байни хатмкунандагон ва волидайни онҳо аз оғози соли хониш шурӯъ гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, довталабони имсола нисбат ба се соли қаблӣ низоми нави имтиҳонсупориро беҳтар аз худ намудаанд. Ин омил имкон медиҳад, ки дар соли равон тариқи Маркази милли тестӣ беҳтарин довталабон ба муассисаҳои олии кишвар дохил шаванд.
Корҳои таблиғотӣ дар байни хатмкунандагон ва волидайни онҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо идома дошта, то оғози супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ идома меёбанд.

Февраль 8, 2017 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад