Моҳи январи соли 2017 дар ҳудуди кишвар 244 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуд

Февраль 11, 2017 11:01

ДУШАНБЕ, 11.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Танҳо дар моҳи январи соли 2017 дар ҳудуди кишвар 244 ҳолати тармафароӣ, аз ҷумла 152 ҳолат дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ваРошт қалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 22 ҳолат дар ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шуд. Ин оморро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён намуданд.

Дар ин давра бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб 9 нафар шаҳрвандон, 3 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонва як нафар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расиданд.

Пешвои миллат ҳамчунин зикр намуданд, ки ҷамъбасти маълумоти аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода тасдиқ гардида дар панҷ соли охир нишон медиҳад, ки дар ин давра дар миқёси мамлакат 603 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 127 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти кишвар 600 миллион доллари амрикоӣ зарар ворид гардидааст.

Таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки бинобар тағйир ёфтани иқлим ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои табиӣ сол то сол афзоиш меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳодисаҳои табиӣ ва геологиву гидрологӣ, аз қабили боронгариҳои тӯлониву обхезӣ, омадани селу ярч, боридани барфи зиёду фаромадани тарма, инчунин заминларза ба амал омада, ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд.

Аз шумораи умумии одамони аз офатҳои табиӣ ҳалок гардида ба омадани сел 38 нафар, ба ҳодисаҳои ярч ва сангрезӣ 23 нафар ва ба тармафароӣ 23 нафар рост меояд.

Аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ аз ҳама бештар сел ба қайд гирифта шудааст, ки 34 фоизи ҳолатҳои фавқулодаро ташкил медиҳад.

Аз рӯи хисороти иқтисодӣ низ мавқеи аввалро ҳолатҳои сел ишғол менамоянд ва беш аз 63 фоизи хисороти иқтисодии аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба иқтисодиёти мамлакат расида ба оқибатҳои харобиовари сел рост меояд.

Февраль 11, 2017 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад