«Мо пайрави Пешвои миллатем»-роҳпаймоии ҷавонон дар шаҳри Турсунзода

Февраль 25, 2017 09:21

ТУРСУНЗОДА, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода дар майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ роҳпаймоии ҷавонони шаҳр баргузор гардид. Ҷавонони саодатманд бо шиорҳои «Мо пайрави Пешвои миллатем» ва дигар шиору овезаҳо роҳпаймоӣ намуданд.

Тавре мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода Умед Ҳалимов иброз дошт, бахши ҷавонон дар соли 2016 дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонони шаҳри Турсунзода барои солҳои 2016-2018» дар ҳудуди шаҳр 123 чорабинӣ, аз ҷумла 72 суҳбату мулоқот, ҷамъомаду машварат ва 51 барномаҳои оммавию фарҳангӣ бо фарогирии 17 ҳазору 180 нафар наврасону ҷавонон баргузор намуд.

Хушбахтона, дар шаҳри Турсунзода барои истироҳату фаъолияти пурсамари ҷавонон тамоми шароит муҳайёст. Соли гузашта боғи нави фарҳангию фароғатӣ — «Наврӯзгоҳи баҳори истиқлол» барои аҳолӣ ва хоса барои ҷавонон ба истифода дода шуд.

Имрӯзҳо ҷавонони шаҳри Турсунзода, ки беш аз 100 нафарро ташкил медиҳанд, барои сазовор истиқбол намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Февраль 25, 2017 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад