Муаррифии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Олмон
ДУШАНБЕ, 01.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ҷиҳати ташвиқи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об пешниҳод шуда буд, муаррифиномаи ҳадафҳои ин Қатъномаро бо забони олмонӣ таҳия ва байни вазорату идораҳои дахлдор, сафоратхонаҳои муқими кишвари иқомат ва ВАО-и Олмон ирсол намуд.
Ҳамзамон сомонаи иттилоотӣ-маълумотии BERLIN- 24 рӯзи 25 январи соли 2017 хабари иттилоотиро аз нишасти матбуотии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар робита ба қабули Қатъномаи МУ СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шакли муфассал дар сомонааш нашр намуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






