Неймарро барои қаллобӣ ба додгоҳ мекашанд

Февраль 21, 2017 11:28

ДУШАНБЕ, 21.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Шикояти ҳамлагари дастаи «Барселона» ва мунтахаби Бразилия- Неймарро суд рад кардааст ва акнун ин бозингари шӯҳратёр ба додгоҳ кашида мешавад. Дар ин бора ESPN хабар медиҳад.
Фонди инвеститсионии DIS, ки қисме аз ҳуқуқи харидуфурӯши Неймарро соҳиб буд, даъво кардааст, ки Неймар ҳангоми ба КФ «Барселона» гузаштанаш ҳаққи ӯро пурра надодааст. Ин амалиёт соли 2013 ҳангоми гузариши Неймар аз КФ «Сантос» ба «Барселона » рух додааст.
Маблағи расмии интиқоли Неймар ба «Барселона» 57 миллион евроро (60,6 миллион доллар) ташкил мекард, аммо баъдан муайян гардид, ки ин трансфер арзиши бештар доштааст. Ба ҷавобгарӣ ҳамчунин КФ «Сантос», «Барселона» ва ширкати ба падари Неймар мансуббуда кашида мешаванд.
Прокурор барои ин амалаш ба Неймар то 2 сол ҳукми зиндон ва 10 миллион евро (10,6 миллион доллар) ҷарима дархост кардааст. Собиқ дастаи пешинаи ин бозингар ва дастаи ҳозирааш низ эҳтимол аст ба маблағи то 15 миллион евро (15,9 млн. доллар) ҷарима шаванд.
Дар ҳайати «Барселона» Неймар ду маротиба чемпиони Испания ва як маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо (2014/2015) гардидааст.

Февраль 21, 2017 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд