«Нигоҳи нав» ба коргардонҳои ҷавони тоҷик дарси маҳорат меомӯзад
ДУШАНБЕ, 10.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ барои коргардонҳои ҷавон таҳти унвони «Нигоҳи нав» оғоз гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, семинар бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Нигоҳи нав» баргузор гардид. Ба иштирокдорон, ки ҳунармандони ҷавони театрҳои ҷумҳурӣ мебошанд, Нурлан Абдикадиров, коргардони қирғиз дарси маҳорат меомӯзад.
Семинари омӯзишӣ аз 2 то 15 феврал идома ёфта, коргардонҳои ҷавон дониши андӯхтаи худро барои пешбурди театри тоҷик равона мекунанд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






