Нишасти хабарӣ дар Теҳрон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Февраль 9, 2017 09:43

Вода для ус.-0ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 7 феврал бо иштироки доираи васеи рўзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати дипломатии муқими Эрон дар робита ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Неъматулло Эмомзода оид ба масоили об, аҳамияти рӯзафзуни он ва мушкилоти мавҷуда дар арсаи ҷаҳон ҳарф зада, зимнан ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба масоили об ва мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтани ин ташаббус баҳри расидагӣ ба мушкилоти мавҷуда ва роҳандозии ҳамкории созанда дар ин замина ёдовар шуд.
Ҳамзамон Сафири Тоҷикистон зикр намуд, ки дар шароити таъсири афзояндаи равандҳои ҷаҳонӣ ба захираҳои об, ба таври доимӣ беҳтар намудани муколама ва шарикӣ, роҳандозии ҳамкории самарабахшу оқилона дар соҳаи об ҷиҳати рушди устувор, нигаҳдории тавозун ва устувории экологӣ баҳри таъмини сулҳу амонӣ ба манфиати ҳамаи кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Сафир ба саволҳои сершумори ВАО посух дод ва дар фарҷоми нишаст наворҳои видеоӣ оид ба дастовардҳои Тоҷикистон ба ҳозирин пешниҳод гардид.

Февраль 9, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад