Нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар филиали ДДМ омӯзонида шуданд

Февраль 9, 2017 17:35

Ректори МГУДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе оид ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа баргузор гардид.
Сайидъало Мирзоев, директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки «мо, кормандон ва донишҷӯёни филиали ДДМ аз он хушнуд ҳастем, ки Президенти кишвар соли 2017- ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон зиёд аст»,- гуфт директори Филиали Донишгоҳи давлатии Москва.
Акмал Абдухолиқзода, ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба се ҳадафи стратегӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
«Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар бештар зикр гардиданд. Метавон гуфт, ки дар тӯли 25 соли исиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ музди маош қариб 60 фоиз зиёд шуд. Аз ҷумла, музди нафақа низ 85 фоиз боло бурда шуд»,- гуфт Акмал Абдухолиқзода.

Февраль 9, 2017 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад