Олимҷон Маҳмадҷонов: «Занон дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми назаррас доранд»
ДУШАНБЕ,08.02.2017/АМИТ«»Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода дар партави Паёми Пешвои миллат ва бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Саҳми занон дар таълиму тарбияи насли наврас» ҷамъомад баргузор гардид. Олимҷон Маҳмадҷонов, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада дар робита ба моҳияти Паём ва Соли ҷавонон таъкид дошт, ки саҳми занон дар тарбияи насли наврас назаррас аст. Аз ин рӯ занон дар тарбия ва таҳсили фарзанд бояд дақиқкор бошанд. Танҳо зан-модар метавонад фарзандро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва илмомӯзӣ тарбия намояд.
М.Товбаева, декани факултети филологияи руси ДДЗТ оид ба «Саҳми бонувон дар мақомоти роҳбарикунанда» иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ягона давлатест, ки занон дар тамоми мақомот нақши назаррас доранд. Мо бояд барои таълиму тарбияи насли наврас ҳамаҷониба саъю кӯшиш намоем».








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






