Омӯзгорони ҷавони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон барои коромӯзӣ ба Россия ва Қирғизистон фиристонида шуданд
ҚӮРҒОНТЕППА, 02.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Бохтар ба тайёрии амалии донишҷӯён диққати зарурӣ дода мешавад. Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи мазкур иттилоъ доданд, ҳама намудҳои таҷрибаомӯзӣ дар ин ҷо дар сатҳи зарурӣ гузаронида мешаванд.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишкада дар асоси шартномаҳои тарафайн мувофиқи ихтисосҳо дар ташкилоту корхонаҳои саноатӣ, идораҳои барқ ва неругоҳҳои барқӣ гузаронида мешаванд. Дар соли 2016 18 нафар омӯзгорони ҷавони Донишкада барои таҳсил ва коромӯзӣ ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон фиристонида шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар шуъбаҳои аспирантураҳои хориҷи кишвар тавассути квотаи байналмилалии президентии «Дурахшандагон» 3 нафар, квотаи Федератсияи Россия 2 нафар, аз ҳисоби маблағҳои Донишкада 3 нафар ва аз ҳисоби дигар маблағгузориҳо 3 нафар таҳсил мекунанд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






