Пагоҳ дар ҷумҳурӣ боридани борони пуршиддат дар назар аст

Февраль 13, 2017 16:14

ДУШАНБЕ, 13.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон пагоҳ дар ҷумҳурӣ боридани борони пуршиддатро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд, 14 феврал дар ноҳияҳои Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо борони пуршиддат ва туман пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 4-9 дараҷа, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад . Дар ноҳияҳои Суғд низ борон дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона то 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар навоҳии тобеи марказ ҳавои абрнок, борони пуршиддат ва дар кӯҳҳо барф дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар ВМКБ боридани барф, дар баъзе ҷойҳо барфи бошиддат пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, -1+4 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 17-22, рӯзона 2-7 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар Душанбе ҳавои абрнок, баъзан борони пуршиддат дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 3-5, рӯзона то 9 дараҷа мешавад.

Февраль 13, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид