Паёми Пешвои миллат-роҳнамо ба сӯи бунёдкориву созандагӣ!
ДУШАНБЕ, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат-роҳнамо ба сӯи бунёдкориву созандагӣ!» ҷаласа баргузор гардид.
Абдурасул Ҳалимов, директори муассиса зикр намуд, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баррасии паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, бурдбориву дастовардҳои ҷомеаи имрӯза ҳамаҷониба бо рақамҳои оморӣ амиқ таҳлил ёфта, самтҳои муайяни фаъолияти ҷомеаро нишон додааст.
«Барномаи дурнамои зиддибуҳронии иқтисодиву молиявии ҷаҳон, ки аз тарафи ҳукумат тарҳрезӣ шудааст, гувоҳи он аст, ки Тоҷикистони азизи мо дар ояндаи наздик ба тараққиёту пешравиҳои зиёд ноил мегардад», — иброз дошт Абдурасул Ҳалимов ва илова намуд, ки кормандони муассиса дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ зикр гардидаанд, сармашқи кори худ қарор дода, барои ободии Тоҷикистон софдилона меҳнат намоянд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






