Паёми Пешвои миллат- роҳнамои кормандони Маркази эҷодии «Илҳом»

Февраль 10, 2017 14:36

ДУШАНБЕ, 10.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии «Илҳом» оид ба баррасӣ ва омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷаласа баргузор гардид.
Нуралӣ Шоев, директори муассиса оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат иброз дошт, ки Паёми Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат баъди ҷашни 25-солагии Истиқлолияти кишварамон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.
«Масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардидаанд. Бо кӯшишу талоши ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, кишвари мо ба як мулки ободу зебо табдил хоҳад ёфт», — зикр намуд Нуралӣ Шоев.

Февраль 10, 2017 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид