Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабарнигоронро ба нишастҳои матбуотӣ даъват менамоянд
ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ Ховар/. Пагоҳ, 3 феврали соли 2017 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Роҳбарони сохторҳои мазкур омодаанд, ки ба суолҳои хабарнигорони ВАО оид ба дастоварду камбудиҳои фаъолияташон дар соли 2016 посух бигӯянд.
Хотиррасон менамоем, ки нишасти матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09-00 дар бинои Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09-00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11-00 дар бинои сохтори мазкур, воқеъ дар кӯчаи Ҷалол Икромӣ №7 баргузор мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






