Рамазон Раҳимзода: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд»
ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар иттилоъ додем, имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҷавонон доир гардид. Дар ҷамъомад Рамазон Раҳимзода доир ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ибрози андеша намуда, гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафҳои қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва фаъолият доранд.
Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Ба гуфтаи Раҳимзода, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин ҷавонони фаъол ва курсантони Академияи ВКД ба Вазири корҳои дохилӣ таклифҳои худро пешниҳод карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






