«Россотрудничество» намояндагиашро дар шимоли Тоҷикистон боз хоҳад кард

Февраль 20, 2017 12:23

ДУШАНБЕ, 20.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Россия тасмим дорад, ки дар оянда дар шимоли Тоҷикистон- шаҳри Хуҷанд намояндагии Маркази илмию фарҳангии Россия, мавсум ба «Россотрудничество»-ро боз намояд»,- гуфт зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори 25-солагии равобити дипломатии Тоҷикистону Россия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд тазаккур дод, ки соли 1995 байни Тоҷикистону Россия Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории илмию фарҳангӣ, техникӣ, маориф, тандурустӣ, иттилоот, туризм ва варзиш ба имзо расонида шу два он заминаи ҳуқуқиро барои рушди минбаъдаи ҳамкории илмию фарҳангӣ фароҳам овард. Дар ин росто, моҳи сентябри соли 2011 дар Душанбе намояндагии Маркази илмию фарҳангии Россия -«Россотрудничество» кушода шуд, ки самти фаъолияти он ба тавсеаи ҳамкории гуманитарии Тоҷикистону Россия, муаррифии илму фарҳанги ин кишвар дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Февраль 20, 2017 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд