«Рушди ҳаракати волонтёрӣ» барои ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ

Февраль 13, 2017 14:52

ДУШАНБЕ, 13.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби волонтёрони фаъоли Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии онҳо дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Вахш дар мавзӯи «Рушди ҳаракати волонтёрӣ» омӯзишҳо баргузор гардиданд.
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ба омӯзишҳо беш аз 100 нафар ҷавонон ҷалб гардиданд. Дар омӯзишҳо ба иштирокчиён оид ба таърихи пайдоиш ва ташаккули фаъолияти волонтёрӣ, рушди ҳаракати волонтёрӣ дар Тоҷикистон, вазифа ва уҳдадориҳои волонтёр, малакаҳои сарварӣ, сифатҳои сарвар маълумот дода шуданд. Дирӯз дар ноҳияи Хуросон чунин давраи омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар назар аст, ки бо иштироки волонтёрон ба муносибати Соли ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иқдому барномаҳои гуногуни тарбиявӣ баргузор шаванд.

Февраль 13, 2017 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд