Ш.Зуҳуров сафари Ян Ҳамачекро ба Душанбе қадами устувор дар рушди ҳамкорӣ номид

Февраль 10, 2017 14:25

ДУШАНБЕ, 10.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҳайати баландпояи парлумонии Ҷумҳурии Чехия таҳти роҳбарии Ян Ҳамачек, раиси палатаи вакилони Парлумони ин кишварро ба Тоҷикистон қадами устувор дар тақвияти ҳамкории байни ду кишвар, бахусус дар бахши парлумонӣ арзёбӣ намуд.
Бо дахли равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Чехия Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки ҳамкории парлумонӣ байни ду кишвар беш аз пеш тақвият меёбанд. Зикр шуд, ки алҳол муносиботи қарордодиву ҳуқуқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия дар марҳилаи густариш қарор доранд ва 13 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, илму техника, сармоягузорӣ, саноат, тандурустӣ ва мубориза бо ҷинояткориро дар бар мегиранд.
Рӯйдоди муҳим дар тақвияти ҳамкории байни Тоҷикистон ва Чехия давоми солҳои 2004-2016, яъне сафарҳои расмии сарони кишварҳои Тоҷикистону Чехия ба кишварҳои ҳамдигар арзёбӣ мегардад. Дар доираи ин сафарҳо як қатор созишнома ва санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Чехияро таҳким мебахшанд.
Дар мулоқот мусоҳибон ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, авзои минтақа ва ҷаҳон ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир табодули назар намуданд.
Раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек сафарашро ба Душанбе барои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар тамоми заминаҳо муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф гуфт, ки мардуми мо аз талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳу суботи комил дар кишвари худ иттилоъ доранд ва ин заҳмату корнамоиҳои миллати барӯманди тоҷикро ҷиҳати ба даст овардани ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ қадр менамоянд.
Ян Ҳамачек зикр кард, ки Тоҷикистону Чехия дар самти фаъолияти парлумонӣ аз таҷрибаҳои кофӣ бархӯрдоранд ва парлумонҳои кишварҳои моро мебояд аз ин таҷрибаи ғании якдигар ба таври самарабахш истифода кунанд.

Февраль 10, 2017 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид